Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор намуд, ки афви низомии украинӣ Надежда Савченко бо созиши Минск рабте надорад ва ӯро бо хоҳиши пайвандони хабарнигорони кушташудаи рус озод кардаанд. Изҳороти Путин рӯзи 28 май дар нишасти хабарӣ дар Афина баъд аз анҷоми музокирот бо нахуствазири Юнон Алексис Сипрас садо дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамсару хоҳари яке аз хабарнигорони кушташуда аз ӯ дархсти афви Савченкоро карданд.

Путин афзуд, ки мавзӯи афв ва бозгардони Надежда Савченко муддати тулонӣ бо раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко баҳсу баррасӣ шуд. Вазифаи муҳим дар ин сӯҳбатҳо, ба гуфтаи сарвари Русия, раҳоии ду шаҳрванди Русия буд, ки аз сӯи додгоҳи Украина маҳкум ба зиндон шуда буданд.

Владимир Путин таъкид кард, ки бидуни донистани назари пайвандони хабарнигорони кушташуда дар бораи афви Надежда Савченко тасмим гирифта наметавонист.

Савченко дар Русия тақрибан ду солро дар зиндон сипарӣ кард ва 27 май бори аввал баъд аз раҳоӣ бо рӯзноманигорон нишасти хабарӣ баргузор намуд. Моҳи март додгоҳи Русия ин низомии украиниро ба 22 соли зиндон маҳкум карда буд.

Владимир Путин дар нишасти хабарӣ дар Афина ҳамчунин изҳор намуд, Русия ба ҷойгирсозии таҷҳизоти зиддиҳамлаи мушакии Амрико дар қаламрави Руминия ҳатман посух хоҳад гуфт.

XS
SM
MD
LG