Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аксари муҳоҷирони тоҷик, ки дар низоъ дар қабристони Хованское захм бардоштанд, аз рафтан ба бемористон бим доранд ва дар хона табобат мегиранд.

Неъмат, як муҳоҷири тоҷик, ки дар ҷанҷоли оромгоҳи Хованское захмӣ шуд, то ба ҳол ба пизишкон муроҷиат накардааст ва дар хона табобат мегирад. Ӯ мегӯяд, баъди ин ҳодиса ҳуҷҷатҳояшро, ки дар ҷайбаш буданд, пайдо накард ва аз ин рӯ аз рафтан ба бемористон худдорӣ намуд. Агар ба бемористон мерафт ва мефаҳмиданд, ки ӯ ҳуҷҷат надорад, ба эҳтимоли зиёд аз Русия ихроҷаш мекарданд, мегӯяд муҳоҷири тоҷик. Неъматро аз яроқи травматикӣ се тир задаанд.

Шоҳин Зулфиқоров, муҳоҷири дигар тоҷик мегӯяд, ки низ аз ноҳияи шикамаш захм бардоштааст ва вазъаш ҳоло беҳтар аст. Ӯ аз сӯи як пизишки шиносаш дар хона табобат мегирад. Ба гуфтаи муҳоҷир Беҳзод, ӯ низ дар занозанӣ дар оромгоҳ ҷароҳатҳои гуногун бардошта ва дар хона машғули табобат аст, аммо бародараш, ки аз аслиҳаи оташфишон захм бардошта буд, барои муолиҷа ба Тоҷикистон рафтааст.

Дигар муҳоҷирон ҳам иқрор мекунанд, ки бо вучуди маҷрӯҳ шуданашон аз муроҷиат ба бемористонҳо худдорӣ мекунанд, зеро бим доранд, ки алайҳи онҳо ё парванда боз мешавад ё бинобар надоштани ҳуҷҷат, аз Русия ихроҷ мешаванд. Тибқи қонунҳои Русия, дар сурати муроҷиат ба бемористон, бемор бояд ҳуҷҷат пешкаш кунад, аммо шумораи зиёди муҳоҷирон ҳуҷҷатҳои заруриву расмӣ барои кору фаъолият дар он кишварро надоранд.

Шумораи муҳоҷирони тоҷике, ки дар ҳодисаи Хованское захмӣ шуданд ва дар хона табобат мегиранд, маълум нест, аммо теъдоди онҳо аз 8 то 15 нафар гуфта мешавад.

Рӯзи 14 май як гурӯҳи ҷиноӣ бо талаби ҷудо кардани “ҳаққ” ба коргарони тоҷики қабристони Хованское, воқеъ дар километри 21-уми шоҳроҳи Киев, дар канори пойтахти Русия ҳамла карданд. Намояндагони гурӯҳи ҷиноии иборат аз зодагони Қафқоз ва русҳо аз мардикорон талаб кардаанд, ки нисфи даромади худро ба онҳо бидиҳанд. Баҳси ду тараф ба занозанӣ ва тирпарронӣ печид, ки дар натиҷа се зодаи шаҳри Роғуни Тоҷикистон кушта шуда ва тақрибан 30 тани дигар захм бардоштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG