Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Пули муҳоҷирон зиёд мешавад"


Сохтмонҳои бузурги Русия, аз ҷумла майдонҳои олимпии Сочиро муҳоҷирон сохтаанд.

Сохтмонҳои бузурги Русия, аз ҷумла майдонҳои олимпии Сочиро муҳоҷирон сохтаанд.

Имсол бино ба пешбиниҳо, мумкин аст, даромади муҳоҷирон афзоиш ёфта, интиқоли пул аз Русия ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, зиёд шавад. Дар гузориши нави Бонки Ҷаҳонӣ, ки ба тозагӣ зери унвони "Муҳоҷират ва рушд" нашр шуд, ин афзоиш 5.1 дарсад гуфта шудааст.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, "беҳтар шудани шароити иқтисодии Русия ва ба эътидол омадани мизони табодули рубл бо доллар, мумкин аст, интиқоли пули муҳоҷирон ба Осиёи Марказиро имсол то 5.1 дарсад зиёд кунад". Баръакси соли 2015, ки интиқоли пул ба кишварҳои минтақа аз Русия бештар аз 20 дарсад кам шуда буд.

Яке аз сабабҳои аслии кам шудани пули муҳоҷирон дар соли гузашта, таври маълум, поин омадани қимати нафт ва кам шудани фаъолиятҳои иқтисодӣ дар Русия буд. Азбаски, ба гуфтаи масъулони Бонки Ҷаҳонӣ, қимати нафт ва пулҳои интиқолии муҳоҷирон ба ҳам сахт вобаста аст, яке аз омилҳои асосии зиёд шудани даромади муҳоҷирон дар кишварҳои муҳоҷирпазир ба мисли Русия боло рафтани қимати нафт аст.

Рӯзи 26 май қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба 50 доллар барои ҳар бушка расид, ки маъниаш даромади бештар барои кишварҳои нафтфӯруши минтақа ба мисли Русияву Қазоқистон аст. Аввали ҳамин сол қимати нафт барои як бушка то 27 доллар поин омад ва ҳоли иқтисоди кишварҳои номбурдаро бадтар кард. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, қимати нафт, ки даромади муҳоҷирон ҳам ба он вобаста аст, бар асоси пешбиниҳо бояд то охири соли 2016 ҳам баландтар равад ва то соли 2017 то 7.2 дарсад бияфзояд.

Бонки Ҷаҳонӣ бо зикри аҳамияти пули муҳоҷирон барои иқтисоди кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфтааст, соли 2015 Тоҷикистон баъд аз Украинаву Сербия ва Руминия дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз ҳисоби муҳоҷирон даромади зиёд, яъне бештар аз 3 миллиарду 100 миллион доллар ба даст овард, ки тақрибан 37 дарсади тавлиди нохолиси миллии кишварро ташкил медиҳад.

Соли гузашта интиқоли пули муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон 24 дарсад, дар Қирғизистон 23 дарсад ва дар Туркманистону Узбакистон 47 дарсад камтар шудааст.

Рукуди сахти иқтисодӣ ва кам шудани ҷойи кор дар Русия соли гузашта ба гуфтаи масъулони Бонки Ҷаҳонӣ садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро маҷбур кард, ки ба ватан баргарданд. Дар он сол тақрибан 4 дарсади муҳоҷирон ба Тоҷикистон баргаштаанд ва 862 ҳазор нафарашон онҷо монда ва бо вуҷуди пули кам корро идома додаанд. Теъдоди муҳоҷирони узбакистонӣ ҳам дар Русия соли гузашта тақрибан 19 дарсад коҳиш ёфта ва ба 1 миллиону 800 ҳазор нафар расидааст.

Боло рафтани қимати нафт ҳарчанд мумкин аст, боиси боло рафтани даромади муҳоҷирон дар Русия шавад, аммо аз сӯи дигар муҳоҷирон шикоят доранд, ки боло рафтани қимати патент, ҳаққи иҷозаи кор ва дигар санадҳои расмӣ дар Русия як соли ахир вазъи онҳоро бисёр бад кардааст.

Муҳоҷират бо вуҷуди муҳаррики иқтисоди Тоҷикистон буданаш оқибатҳои баде барои хонаводаҳо дорад ва таҳқиқот дар Русияву Тоҷикистон нишон додаанд, ки аҳли оилаи муҳоҷирон, бахусус кӯдакон ва занон чӣ дар хона ва ё чӣ дар ватан ранҷ мекашанд ва худи муҳоҷирон ҳам мегӯянд, ки дурӣ аз наздикон онҳоро афсурдаву аз кор дар ғарибӣ безор мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG