Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як мард дар Арабистони Саудӣ табиберо, ки ҳини таваллуди фарзанд ба ҳамсараш кумак кардааст, бо чанд тир захмӣ намудааст. Рӯзномаи "Gulf News" менависад, шавҳар аз он ба хашм омадааст, ки дар ҷараёни зоймони ҳамсараш дар бемористон ба ӯ табиби мард ёрӣ додааст.

Ба навиштаи расонаҳо, шавҳари ин зан ба бемористон рафта ва гуфтааст, ки мехоҳад, бо табиб мулоқот намояд ва аз ӯ барои кумак ба ҳамсараш дар ҷараёни таваллуд, сипосгузорӣ намояд. Ин мард ҳини мулоқот бо табиб аз зери либосаш туфангчаро берун оварда ва сари синаи табибро нишон мегирад ва бо ду тир ӯро маҷрӯҳ месозад.

Пас аз фирори марди араб табибони дигар Муҳаннад Ал-Забнро ба бахши эҳё интиқол доданд ва ӯ муолиҷа мегирад. Марди ҳамлавар баъд аз чанд лаҳза аз сӯи пулис боздошт шудааст.

Доктор Муҳаннад Ал-Забн, ки падараш аз Урдун ва модараш аз Арабистони Саудӣ мебошад, моҳи гузашта ҳамли ҳамсари марди ҳамлаварро дар шаҳраки тибии Шоҳ Файсал дар шаҳри Риёз -- пойтахти Арабистони Саудӣ, қабул карда буд.

Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоеро ба миён овард ва аксари корбарон ба табиб ҳамдардӣ намуда ва ин амали марди ҳамлаварро накӯҳиш карданд. Иддаи дигар гуфтаанд, ки дар зоишгоҳҳо бояд ба занони табиб бартарӣ дод, то аз бархурдҳои фарҳангӣ ҷилавгирӣ шавад.

Мавзӯи муолиҷаи занон аз сӯи табибони мард дар бархе аз ҷомеаҳои исломӣ ҳассосият дорад ва бисёре аз мардон дӯст надоранд, ки занони худро барои муолиҷа ба назди табибони мард бибаранд.

Дар Тоҷикистон аксаран занҳо духтури занона ҳастанд, ва мардон ҳам бошанд, вале дар ҷарроҳиҳо ё ҳангоми таваллуди вазнин кӯмак мекунанд ва шояд кам касоне ҳастанд, ки мухолифи ин кор мешаванд.

Солҳои ахир бо мазҳабишавии ҷомеа дар Тоҷикистон, мардоне ҳастанд, ки аз рафтани ҳамсар ва духтарону хоҳарони худ ба назди табибони мард мамониат мекунанд. Аммо дар маҷмӯъ аксари мардум дар ҷомеаи Тоҷикистон ба табибони ботаҷриба бартарӣ медиҳанд, чӣ мард мард бошад ва чӣ зан.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG