Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, 27 май аз шаҳри Ҳирошимаи Ҷопон боздид кард. Ин шаҳрест, ки нахустин бомби атомӣ ба он партоб шуда буд.

Баъд аз гузоштани гулчанбар бар пояи ёдгории қурбониёни бомби атомӣ ё ҳастаӣ, ки оташи ҷовидон дар он ҷо фурӯзон аст, Обама гуфт, ҷаҳониён масъулиятро бо ҳам тақсим мекнуанд, то бипурсанд, ки чӣ тавр аз чунин мусибат пешгирӣ кардан мумкин аст, то он бори дигар рух надиҳад.

Раиси ҷумҳури Амрико дар ҷараёни боздидаш, ки баъд аз мулоқоти 7 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон сурат гирифт, гуфт, ин боздид барои гиромӣ доштани хотираи ҳамаи қурбониёни Ҷанги Ҷаҳонии дуввум анҷом гирифтааст. Вале вай изҳор дошт, ки боздид ба маъноии узрхоҳӣ барои партоби бомби атомӣ нест.

XS
SM
MD
LG