Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Қорӣ Меъроҷиддин дар наздикии марзи Тоҷикистон


Дар ҷараёни амалиёти муштараки нирӯҳои пулис ва амниятии Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон дар вулусволии Дашти Арчии вилояти Кундуз яке аз фармондеҳони баландпояи Толибон боздошт шудааст. Дар ин бора Саид Маҳмуд Дониш, сухангӯи волии вилояти Кундуз, ба матбуот хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Қорӣ Меъроҷиддин яке аз фармондеҳони калидии Толибон аст ва дар аксари амалиёти зидди аҳолии вулусволии Дашти Арчӣ ва бар зидди низомиёни артиш иштирок доштааст. Аз ҷумла, гурӯҳи Меъроҷиддин 299 метр нақби зерзаминӣ кофта, ба посгоҳи нирӯҳои ҳукуматӣ наздик шудааст ва онҳоро тирборон кардааст. Шахсан вай дар тирборон кардани сарбозон даст дорад.

Сухангӯи волии вилояти Кундуз гуфтааст, ки амалиёти нирӯҳои ҳукуматӣ бар зидди Толибон дар вулусволиҳои вилоят идома дорад.

XS
SM
MD
LG