Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Духтаре саргарми телефонбозӣ шишаи фурӯшгоҳро бо сараш шикаст


Дар Бишкеки Қирғизистон духтаре, ки ҳушаш пурра ба телефонаш буд, сарашро дар девори шишагини яке аз мағозаҳо зад. Ин иттилоъро Ёрии таъҷилии Бишкек тасдиқ кардааст.

Ёрии таъҷилӣ мегӯяд, ҳодиса 26 май рух додааст. Ин духтар дар Беморхонаи миллӣ бистарӣ шуда, баъдтар дар борааш иттилои комил нашр хоҳад гардид.

Тибқи иттилои пешакӣ, шишапораҳо дасту пои духтарро хуншор кардаанд.

Чунин ҳодиса дар Қирғизистон бори аввал аст, ки рух медиҳад. Аммо дар кишварҳои дигар ин гуна ҳодисаҳо бисёр мушоҳида мешавад ва аллакай ба одати маъмулии асри фанноварӣ табдил гардидааст

XS
SM
MD
LG