Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умеда Ахмедова ҷоизаи Ватслав Ҳавелро соҳиб шуд


Дар пойтахти Норвегия - шаҳри Осло дар доираи "Форуми Озодӣ" маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ватслав Ҳавел баргузор шуд.

Миёни ғолибон Умеда Ахмедова, коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ ва аккоси машҳури ӯзбек ҳам ҳаст.

Ахмедова, ки бо мукофоти Ватслав Ҳавел "Барои эътирози халлоқона" қадрдонӣ гардид, соли 2010 бо аксу филмҳои ҳуҷҷатияш дар таҳқир ва туҳмати миллати ӯзбек айбдор ва се сол зиндонӣ шуд. Вале баъди муддати кутоҳе афв гардид.

Вай ҳангоми суханронӣ дар ин маросим гуфт, ҳамарӯза бо ҳиссиёти тарс дар баробари тоталитаризм, ки тайи 6 соли ахир пайдо шудааст, мубориза мебарад.

Соли равон ҷоизаи Ватслав Ҳавелро аккоси эронӣ Отино Фарҳадонӣ ва аккоси рус Петр Павленский ҳам соҳиб шуданд. Фарҳадонӣ барои нашри як карикатура дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар он вакилони эронӣ бо сари ҳайвон нақш ёфта буданд, 12 сол зиндонӣ шуд.

Петр Павленский ҳам бо амалкарди сиёсияш машҳур аст. Вай моҳи ноябри соли гузашта дари бинои Хадамоти федеролии амнияти Русияро дар шаҳри Москва оташ зад. Ҳоло баррасии парвандааш бо гумони "расонидани зарар ба ёдгории таърихӣ" идома дорад. Барандагони ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел соҳиби муҷассамаи хурд ва 350 ҳазор крони норвегӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG