Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кремл "баргардонидани Донбасс ба Украина"-ро писандид


Дар Кремл изҳороти президенти Украина Петр Порошонекоро, ки гуфт, ба дунболи Надежда Савченко Украина Донбассу Қримро ҳам бармегардонад, шарҳ доданд.

Ба гуфтаи сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, агар ин ҳадафҳои роҳбари Украина аз рӯи эҳсоси инсондӯстӣ баён шуда бошанд, пас месазад аз он истиқбол кард. "Ва, дар воқеъ, ин ҳамон чизест, ки мо дар Москва умедвораш ҳастем", - аз қавли Песков навиштааст РИА Новости.

Ба гуфтаи Песков, нияти баргардонидани Қрим, ки Песков онро "ҷузъи минтақаҳои Русия" медонад, ба шарҳ ниёз надорад.

Петр Порошенко, президенти Украина зимни суханронӣ бахшида ба озодии Надежда Савченко гуфт, Украина мисле, ки "Надеждаро баргардонид", Қриму Донбассро ҳам бармегардонад.

Украина ва наздики 100 кишвари дигар раъйпурсии 16 марти соли 2014-ро, ки аз сӯи мақомоти русиягарои Қрим баргузор шуд, эътироф намекунанд. Дар натиҷаи ин раъйпурсӣ Қрим ба Русия пайваст. Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва кишварҳои дигари Ғарбӣ зидди Русия таҳрим эълон кардаанд. Москва мегӯяд, пайвастани Қрим ба ҳайати Русия комилан бар асоси ҳуқуқи байналхалқӣ сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG