Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5500 нафар осебдида мӯҳтоҷи ёрӣ дар Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, фалокатҳои табиӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ ҳазорон нафарро муҳтоҷи кумакҳои фаврӣ кардааст ва айни замон такрори чунин фалокатҳо аз эҳтимол дур нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода баъди арзёбии миқёси фалокат дар ноҳияҳои фалокатдида, аз ҷумла Рӯдакӣ ва Панҷакент хабар додааст, ки айни замон бештар аз 5 ҳазору 500 нафар ба ёриҳои ғизоӣ, либос ва маводи беҳдоштӣ барои идомаи зиндагӣ эҳтиёҷ доранд.

Фақат дар ду ноҳия дар Рӯдакӣ ва Панҷакент борони зиёд ва сел 140 хонаро вайрон ё нимавайрон карда ва садҳо нафарро бе сарпаноҳ гузоштааст. Дар Панҷакент бештар аз 2300 нафар ва дар ноҳияи Рӯдакӣ бештар аз 3200 нафар бар асари сел хисорот дидаанд ва чашм ба сӯи ҳукумат ва созмонҳои имдодӣ дӯхтаанд, ки шояд ба онҳо барои барқарор кардани хонаву зиндагиашон кӯмак мерасонанд.

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, ки аз ҳамоҳангсозони кӯмакҳои башарӣ ба осебдидагон аст, рӯзи 27-уми май бо нашри баёнияе гуфт, ҳукумат барои 119 оила дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки хонаҳояшон комилан аз байн рафтаанд ва ё осеб дидаанд, бештар аз 30 тонна орду равған, шакар ҷудо кардааст.

Дар ҷамоати Зайналободи ноҳия, ки обу гил ба хонаҳои мардуми зиёде ворид шуд ва онҳоро барои муваққат ғайриқобили сукунат карду захираҳои хурокашонро аз байн бурд, созмони имдодии «Ҳамсояҳои хуб» орду равған ва дигар маводи ғизоӣ тақсим мекунад.

Обхезиҳои шаби 11 ба 12-уми май дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагии мушкили ҳазорон нафарро дар ин ноҳия сахттар кард ва ҳоло мардум нигаронанд, ки дар ин шароити бӯҳронӣ чӣ гуна то зимистон хонаҳояшонро барқарор ва барои зиндагӣ мувофиқ мекунанд.

Пештар аз фалокат дар Рӯдакӣ сел дар ноҳияҳои Панҷакент ва Айнӣ даҳҳо хонаро вайрон кард ва се нафарро кушт. Дар инҷо садҳо гектар киштзору зироати мардум осеб диданд ва 50 сар гову гусфанд, дороии хонаводаҳои камбизоат талаф ёфт. Рӯзи 20-уми май ноҳияи Нуробод низ шоҳиди селу обхезӣ шуд, дар инҷо чандин пули хурд вайрон шудааст ва 55 хонавода осеб дидаанд.

Айни замон ҳавошиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, ки мумкин аст, ҳавои номусоид то рӯзи 29-уми май идома кунад ва хатари селу обхезӣ ҳамчунон вуҷуд дорад. Давлати Тоҷикистон дар гузаштаҳо барои рафъи оқибатҳои фалокат аз ҷомеаи байналмилалӣ кӯмак мехост, вале имсол барои гирифтани кӯмак ба созмонҳои байналмилалӣ ва ё кишварҳои алоҳида муроҷиат накардааст.
Видеои як рӯз баъд аз фалокат дар Рӯдакӣ

Гуфтанд, гурезед, ки сел меояд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:59 0:00


XS
SM
MD
LG