Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ассамблеяи кулли минтақаи Осиёи Марказии ШОО дар Остона


26 май дар Остонаи Қазоқистон Ассамблеяи кулли минтақаи Осиёи Марказии Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) баргузор шуд.

Рӯзи 26 май барои аввалин бор дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона - Ассамблеяи кулли минтақаи Осиёи Марказии Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) доир шуд. Дар кори он президенти Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон Темур Қулибоев, вазири фарҳанг ва варзиши ин кишвар Аристонбек Муҳаммадулӣ, намояндагони Шӯрои олимпии Осиё, инчунин кумитаҳои миллии олимпии Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон ширкат варзиданд.

Тоҷикистонро дар ин Ассамблея Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), намояндагӣ кард.

Ба иттилоии дафтари матбуоти КМОТ дар ин мулоқот табрикоти раиси ШОО шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ қироат карда шуд. Дар ҷараёни Ассамблеяи кулл масъалаҳо дар бораи истифодабарии иншоотҳо дар ҳудуди Қазоқистон оид ба намудҳои зимистонаи варзиш аз ҷониби кишварҳои минтақаи Осиёи Марказии ШОО баррасӣ шуд. Инчунин намояндагони кишварҳои минтақа роҷеъ ба фаъолияти кумитаҳои миллии олимпӣ иттилоъ доданд.

Аз рӯи натоиҷи мулоқот ёддошти ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон ва кумитаҳои олимпии кишварҳои минтақа ба имзо расид.

Ширкаткунандагони Асссамблея, ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳаракти олимпиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ, иштироки фаъолонаи кишварҳои минтақаро дар кори Шӯрои олимпии Осиё ва инкишофи варзиш дар ин ҷумҳуриҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.

Бояд гуфт, ки моҳи гузашта президенти Кумитаи миллии олимпии Қазоқистон Темур Қулибоев бо тасмими кумитаи иҷроияи ШОО ба вазифаи ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё тасдиқ шуда буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG