Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар бораи Доналд Трамп изҳори назар кард


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, раҳбарони ҷаҳон сабабе доранд, ки бо номзади умедбахши ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп “эҳтиёткор” бошанд.

Онҳо намедонанд, ки баъзе аз эъломияҳои вайро чӣ гуна қабул кунанд, вале онҳо аз вай дилсард ҳастанд ва он сабаб дорад. Обама ин суханонро 26 май дар ҳошияи нишасти Ҷӣ 7 дар Ҷопон изҳор дошт.

То ҳол Доналд Трамп-номзади миллиардер ба ин суханон ҷавоб надодааст. Вай барои номзадӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико ба пирузӣ наздик шудааст.

Пешбарии номзад аз ҳар ҳизб дар райгириҳои умумии моҳи июл маълум мешавад.

XS
SM
MD
LG