Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

16 сол дар кунҷи танҳоӣ. Наққошиҳои Рубоба бо ёрии лабу дандон


Рубоба Муҳаммадӣ, духтари шонздаҳсолаи маълул, чанд километр дуртар аз Кобул - пойтахти Афғонистон - дар Даштиярчӣ ба саб мебарад. Ӯ мегӯяд, ки солҳо боз дасту пояш кор намекунанд ва шабу рӯзҳои дарозро дар гӯшаи танҳоӣ гузарондааст.

Аммо зеҳни ҳунармандияш ин духтари маълулро барои чанд лаҳза ҳам бошад, аз ботлоқи ғаму танҳоӣ берун мекашад. Рубоба Муҳаммадӣ бо ёрии лабу дандонаш наққошӣ мекунад ва мегӯяд, ки бо дидани маҳсули кораш каме ҳам бошад, бори ғамаш сабуктар мегардад. Чеҳраҳои шинохташудаи ҷаҳонӣ чун Ҷастин Трюдо - нахуствазир ва Марям Мунсиф, вазири афғонтабори Канадаро улгу ва намунаи зиндагиаш қарор додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG