Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мардуми панҷ деҳаи ҷамоати Деҳмалики минтақаи Такоби ноҳияи Варзоб бо кӯшиши мақомоти ҳукумати ноҳияи Варзоб соҳиби барқ шуданд ва роҳи мошингард ҳудуди 8 километр барқарор карда шудааст.

Бар асари боронгариҳои ду ҳафтаи қабл, симчӯбҳои барқи ин минтақаро сел хароб карда буд. Саъдулло Мардонов, котиби ҷамоати Деҳмалики ноҳияи Варзоб дар 75- километрии шимоли Душанбе, рӯзи 28-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ҷалби техникаҳои зарурӣ симчӯбҳо барқарор карда шуд ва нерӯи барқ дубора ба хонаҳои мардум омад.

Вай гуфт, бар асари боронгариҳои шаби 11-уми май, сел симчӯбҳои барқи Пшаме, Портут, Пичандар, Пишем ва Деҳмаликро комилан тахриб шуда буданд. Ҳамчунин сел, роҳи мошингард аз маркази ҷамоат то деҳаҳои болоро хароб карда буд. Дар ин панҷ деҳа тақрибан 2 ҳазор хонавода ба сар мебаранд. Сокинони ин деҳот мегӯянд, сел дар баъзе хонаҳо оғилҳоро хароб карда ва ҳайвонҳои хонагиро аз байн бурдааст.

XS
SM
MD
LG