Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бишимбоев рушди иқтисоди Қазоқистонро пешбинӣ мекунад


Куандик Бишимбоев, вазири иқтисоди миллии Қазоқистон мегӯяд, дар сурати "пешбинии хушбинона" рушди иқтисодии кишвар мумкин аст 1 дарсадро ташкил диҳад. Ин пешбиниро Бишимбоев дар нишасти иқтисодии Остона баён кардааст.

Сомонаи расмии сарвазири Қазоқистон аз қавли Бишимбоев навиштааст, ки тибқи пешбинии муҳофизакоронаи вазорати иқтисоди миллӣ рушди иқтисодӣ "ҳадди ақал 0,5 фоизро ташкил хоҳад дод". Пешбинии иқтисодии Қазоқистон бо назардошти 30 доллар барои як бушка нафт омода шудааст.

"Ҳоло шумо шоҳид ҳастед, ки қимати нафт боло рафтааст. Албатта, ин наметавонад ба иқтисодиёти Қазоқистон бе таъсир бошад. Ба эътидолоии қурби асъори миллӣ ва беҳтаршавии фазои сармоягузорӣ дар ҳар сурат имкон медиҳанд, ки ба пешбинии хушбинона такя кунем", - навиштааст сомонаи ҳукумати аз қавли Бишимбоев.

Дар ҳамин ҳол, оҷонсиҳои байналхалқии баҳодиҳӣ пештар пешбинӣ карда буданд, ки соли ҷорӣ иқтисодиёти Қазоқистонро нишондодҳои пастравӣ интизор аст. Оҷонсии баҳодиҳии байналхалқии Fitch Ratings моҳи апрел пастравии Маҷмуи маҳсулоти дохилии (ММД) Қазоқистонро дар ҳаҷми 1 дарсад пешбинӣ карда буд. Моҳи март оҷонсии Standard & Poor's иқтисодиёти ин кишварро пешбинӣ карда, гуфта буд, дар соли ҷорӣ рушди ММД Қазоқистон ба сифр ва ё каме манфӣ баробар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG