Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷашнвора ё Фестивали минтақавии футболи AFC бо ширкати шаш дастаи мунтахаби то 14-солаи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ рӯзи панҷшанбеи 26 май дар Академияи «Истиқлол»и Душанбе, дар Алмосии ноҳияи Ҳисор, оғоз ёфт.

Бар асоси қуръакашӣ мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) нахустин бозиашро бо тими Афғонистон анҷом медиҳад. Ин бозӣ субҳи 26 май баргузор мешавад. Пеш аз ин бозӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Ҷашнвора доир хоҳад шуд.

Футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии Носир Ҳамидов бозии дувумашонро бегоҳи панҷшанбе бо тими Эрон баргузор мекунанд.

Бозиҳои Ҷашнвора аз рӯи системи даврӣ аз як давра иборат аст, яъне дастаҳо бо ҳамдигар як бозӣ анҷом медиҳанд.

Натоиҷи қуръакашии Ҷашнвораи минтақавии AFC байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 14-солаи кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ:

1.Тоҷикистон

2. Эрон

3. Афғонистон

4. Қирғизистон

5. Непал

6. Ҳиндустон

Тақвими бозиҳои Ҷашнвора

Рӯзи аввали бозиҳо

26 май (панҷшанбе)

8:20 – Маросими ифтитоҳи Ҷашнвора

9:00 – Афғонистон – Тоҷикистон

10:30 – Эрон– Непал

16:00 – Қирғизистон – Ҳиндустон

17:30 – Тоҷикистон – Эрон

Рӯзи дуюми бозиҳо

27 май (ҷумъа)

8:30 – Афғонистон – Ҳиндустон

10:00 – Эрон – Қирғизистон

16:00 – Тоҷикистон – Непал

17:30 – Афғонистон – Қирғизистон

Рӯзи сеюми бозиҳо

29 май (якшанбе)

8:30 – Непал – Афғонистон

10:00 – Ҳиндустон – Эрон

16:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон

17:30 – Непал – Ҳиндустон

Рӯзи чоруми бозиҳо

30 май (душанбе)

8:30 – Қирғизистон – Непал

10:00 – Эрон – Афғонистон

16:00 – Тоҷикистон – Ҳиндустон

17:30 – Маросими пӯшидашавӣ

XS
SM
MD
LG