Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъди 10 соли "муътодӣ" ба сигор, рэпсарои шинохтаи тоҷик Шаҳбоз Шарифов, маъруф номи бо Шон МС, аз ин одат даст кашида ва саҳнаҳои сигоркаширо ҳам аз таронаҳояш дур кардааст.

Шон МС аз рэпсароёнест, ки дар таронаҳояш "дур кардани ғами дилро" тавассути дуди сигор тасвир мекард. "Вақте бори аввал сигор кашидам, давраи ошиқӣ буд ва мо аз ҳам ҷудо шудем. Баъдан одамҳои калонсол мегуфтанд, ки сигор ғамро дур мекунад. Даст ба ҳамин кор даст задам. Рӯзҳои аввал як каме таъсир мекард, лекин баъд ба як одат табдил ёфт. Дурӯғ аст, ки одамро ором мекунад, фақат одат мекуниву халос," - мегӯяд ӯ.

Шаҳбоз баъд аз он сигоркаширо бас кард, ки бемор шуд ва табибон гуфтанд, сабаби бемории асабаш ҳам дуди тамокуст. Ӯ рӯзи 26 май дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, рӯзе шуд, ки ҳатто ду қуттӣ сигор мекашид, ваел ҳеч кумакаш намекард.

"Дар асл, ин як роҳи худкушӣ аст. Дар Ислом мегӯянд, ки худкушӣ ҳаром ва мо бо ҳар як дуде, ки аз сигор мекашем, ба ҷони худ ҷабр мекунем. Ман медонистам зарар дорад, вале то он дараҷае, ки дар Интернет видеоҳоро тамошо кардаму аз оқибати истъемоли сигор хабардор шудам, бовар намекардам," -- нақл кард ӯ.

Дар Тоҷикистон таҳқиқи саросарие анҷом нашудаст, ки теъдоди гирифторони сигору носро мушаххас кунад. Ҳоло мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони ҷаҳонии беҳдошт мехоҳанд, ин гуна таҳқиқро анҷом диҳанд.

Аммо бар асоси омори ғайрирасмӣ, феълан дар кишвар беш аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки 78 дарсади онҳо мардон, 10 фисад занон ва 12 дарсади дигар наврасон будаанд.

Қиёмиддин Муҳиддинов, як масъули Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаёти солим дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, онҳо як соли пеш дар миёни хонандагони синфҳои 7 ва 9-и мактабҳои пойтахт ва баъдан ба чанде аз мактабҳои атрофи пойтахт назарпурсӣ гузаронда, ба ин хулоса расиданд, ки дар бораи истифодаи сигор бештар бачаҳои аз 14 то 16-сола маълумот доштаанд.

Ба гуфтаи ӯ, агар дар шароитии деҳот кӯдакон дар 14 ва 15-солагӣ аз рӯи ҳавою ҳавас ва тақлидкорона ба носкашӣ шурӯъ кунанд, кӯдакони шаҳр аз ин син ҳам пештар бо истифода аз беназоратии волидон сигор мехаранд.

Муҳиддинов гуфт: "Барои ин, чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотиро бештар миёни наврасону ҷавонон роҳандозӣ мекунем. Чунки дар ин марҳила мешавад онҳоро аз роҳ бозгардонд. Афроди калонсоле, ки маводи тамоку истифода мекунанд, қариб 80% -и онҳо наметавонанд то охири умр аз ин кор даст кашанд."

Табибон мегӯянд, бо вуҷуди барои бисёриҳо ошно будани паёмадҳои сигоркашӣ, ки узвҳои нафасакашӣ, шуш ва қалби инсонро заиф мекунад ва дар бадтарин ҳолат боис ба сар задани саратон мешавад, аммо мутақоид кардани онҳо кори осон нест. Вале Шаҳбоз, рэпсарои ҷавон, бовар дорад, ки баъди даст кашидани ӯ аз сигор теъдоде аз наврасони тамокукаш ба ӯ пайравӣ мекунанд ва аз ин одати бад даст хоҳанд бардошт.

Тоҷикистон моҳи январи соли 2011 сигоркаширо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мамнӯъ кард ва солҳои баъд таблиғи сигорро аз телевизонҳо бардошт.

XS
SM
MD
LG