Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сомонаи блогҳои хурдҳаҷми Twitter эълон кард, ки дигаргуние дар ин сомона дар роҳ аст. Ин дигаргуниҳо имкониятҳои корбаронро васеъ хоҳанд кард.

Twitter дар бозори молӣ ба душвориҳо рӯ ба рӯст. 24 май арзиши саҳмияҳои он 4,8 дарсад поин омад.

Тавре интизор меравад, дигаргуниҳо дар чанд моҳи оянда роҳандозӣ хоҳанд шуд. Ширкат ҳоло санаи дақиқеро эълон накардааст. Корбарони сомона борҳо шикоят кардаанд, ки наметавонанд бештар аз 140 рамзро рӯи саҳифа нависанд. Эҳтимол меравад, ки баъди дигаргуниҳо имкони истифодаи рамзҳо бештар шавад. Ҳамчунин пайдо шудани тугмаи "Бознашр" ҳам аз эҳтимол дур нест.

XS
SM
MD
LG