Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонуе аз Узбакистон ва додгоҳи Ҳинд забон намеёбанд


Бино ба иттилои нашрияи Hindustan Times, Барно Ҷӯраева - шаҳрванди 37-солаи Узбакистон панҷ моҳ аст, дар зиндони Bhopalи Ҳиндустон нигаҳдорӣ мешавад. Ин зан мегӯяд, ӯро доруи хоб дода, аз ҳамсоякишвари Непал дуздидаанд.

Тавре ин нашрия менависад, Барно Ҷӯраева ягон забони маҳаллиро намедонад, то бифаҳмад, ки додгоҳ зиддаш чӣ айбе эълон кардааст. "Айбдоршаванда ба ҷуз забони узбакӣ бо забони дигар гап зада наметавонад. Ӯ намедонад ба чӣ айбдор мешавад ва шиносномаашро ҳам гирифтаанд", - гуфтааст мушовири ҳуқуқӣ Маноҷ Шривастава дар суҳбат бо Hindustan Times.

Ба иттилои пулис, Ҷӯраева 26 июли соли 2015 марзи Непалу Ҳиндустонро ғайриқонунӣ гузашта, то ҳол дар қаламрави ин кишвар бе иҷозат зиндагӣ мекардааст. Аз 10 декабри соли гузашта ба ин сӯ 10 мурофиаи додгоҳии Барно Ҷӯраева баргузор шуда, аммо дар ягонтои онҳо тарҷумони забони узбакӣ иштирок накардааст. То ҳол сафорати Узбакистон дар Ҳиндустон ҳам аз сарнавишти ин шаҳрванди кишвараш хабар надорад.

XS
SM
MD
LG