Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бишкек ба суханони Аристонбек Муҳамадиулӣ, вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон дар бораи муҳоҷирони кории Қирғизистон дар Русия расман эътироз баён кард.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба мушовир ва фиристодаи сафорати Қазоқистон дар Бишкек бо нишони эътироз ба суханони Муҳамадиулӣ, ки 24 май дар расонаҳои хабарӣ нашр шуд, нота супурдааст.

Ин ниҳод гуфтааст, шеваи таҳқиромези изҳороти вазири фарҳанги Қазоқистон, ки дар ҷомеаи Қирғизистон вокунишҳои манфиеро ба бор овард, ба рӯҳияи ҳампаймонии ду кишвари ҳамсоя ҷавобгӯ нест.

ВКХ Қирғизистон афзуда, ки вақтҳои охир ҳолатҳои нашри изҳороти ғаразомез аз ҷониби Қазоқистон дар бораи Қирғизистон, бахусус тариқи шабакаҳои телевизиони расмии ин кишвар мушоҳида мешавад.

Ин суханҳои Аристобек Муҳамадиулӣ дар Қазоқистон ҳам вокунишҳо дар пай дошта, аз сӯи баъзеи чеҳраҳои шинохта ва корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ низ танқид шудааст.

XS
SM
MD
LG