Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон ва Трамп ба номзадӣ наздик шудаанд


Демократ Ҳилларӣ Клинтон ва ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп дар муборизаҳои интихоботӣ барои номзад пешбарӣ шудан аз ҳизбҳои худ ба комёбии бештар ноил шудаанд. Онҳо ҳар ду дар райгириҳои 24 май дар аёлати Вашингтон дар миёни довталабон аз ҳизбҳои худ пируз шуданд.

Барои номзадӣ ба Доналд Трамп райи 14 ҳайат кифоят мекунад. Имкон дорад, ки вай райи ҳайатҳои заруриро то райгириҳои 7 июн ба даст орад.

Вале барои Ҳилларӣ Клинтон райи 78 ҳайат зарур аст ва вай низ метавонад ин пушибониро дар аввали моҳи июн ба даст орад. Аз хонум Клинтон 1 768 ҳайатҳо ҷонибдорӣ кардаанд ва аз рақиби ҳизбии вай Бернӣ Сандерс 1 497 ҳайат.

XS
SM
MD
LG