Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибони Афғонистон раҳбари нави худро эълон карданд. Ба ҷои мулло Ахтар Мансур, ки дар ҳамлаи ҳавоии бесарнишини Амрико кушта шуд, мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода раҳбари нав интихоб шудааст.

Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва мулло Муҳаммад Ёқуб-писари мулло Муҳаммад Умар муовинони вай баргузида шудаанд.

Дар эъломияе, ки Толибон мунташир карданд, гуфта мешавад, ки Ҳайбатуллоҳ Охунзода “ба иттифоқи оро” раҳбар интихоб шудааст. Дар ин бора Забиҳулло Муҷоҳид-сухангӯи Толибон хабар додааст.

Мансур 21 май дар вилояти Балуҷистон дар қаламрави Покистон кушта шуд. Бесарнишини Амрико ба мошини вай ҳамла кард. Мансур моҳи июли соли 2015 раҳбар интихоб шуда буд.

Забиҳуллоҳ Муҷоҳид гуфтааст, ки “бо омадани раҳбари нав сиёсати Толибон тағир нахоҳад кард ва ба назар намерасад, ки Толибон бо ҳукумати Афғонистон ба музокира биншинанд”.

Вале Амир Раъно-раиси пажуҳишгоҳи мутолеоти сулҳи Покистон дар Исломобод мегӯяд, “агар Охунзода ба музокира майл пайдо кунад, бидуни созиш бо шӯрои раҳбарии Толибон ин кор анҷом нахоҳад гирифт”.

XS
SM
MD
LG