Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷабрдидаҳо аз Бузургмеҳр Ёров 90 ҳазор $ талаб доранд


Ҷабрдидаҳо хостаанд, ки дар маҷмуъ 90 ҳазор доллари онҳо аз Бузургмеҳр Ёров ситонда шавад. Онҳо иддао доранд, ин вакили боздоштшуда пули онҳоро гирифта, аммо ёрӣ надодааст.

18 ҷабрдида дар қазияи Бузургмеҳр Ёров аз ин вакили боздоштшуда, дар маҷмуъ, 90 ҳазор доллар пули додаашонро талаб кардаанд. Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр, рӯзи 24 май ба Озодӣ гуфт, ин афрод иддао доранд, ки Бузургмеҳр Ёров ба ҳайси вакили мудофеъ пули онҳоро гирифта, аммо барои ҳимоят аз наздиконашон ёрии ҳуқуқӣ нарасондааст.

Ӯ гуфт, "баъзеашон ҳатто дар аризаҳои худ навиштаанд, ки гӯё Бузургмеҳр пулро гирифта, дар мурофиаҳо иштирок накардааст, ёрӣ надодааст. Онҳо мафҳуми адвокатро намефаҳманд. Фикр мекунанд, ки адвокат ҳаққи корашро гирифт, бояд ҳукмро тағйир диҳад ё муттаҳамонро озод кунад. Ин тавр нест, охир."

Аз 18 нафари ҷабрдида чор тани онҳо дар мурофиаи рӯзи 24 май дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ иштирок карда, намояндаи додситонӣ аз мавқеи онҳо ҳимоят кардааст. Ин мурофиа дар бинои Додгоҳи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо бештар аз чор соати таъхир шуруъ шуд, вале масъулон ба ҷуз аз модару ҳамсараш ва чор ҷабрдида афроди дигарро ба толор роҳ надоданд. Онҳо гуфтанд, ки толори мурофиа пур шудааст ва хабарнигорону ду намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар онҷо нахоҳанд ғунҷид.

Як масъули додгоҳ гуфт, ки дар ин мурофиа асосан ҷабрдидаҳо пурсида шуда, дар робиата ба қазияҳо Бузургмеҳр Ёров низ мавриди суолу ҷавоб қарор хоҳад гирифт. Дар курсии айбдорӣ ҳамроҳи Бузургмеҳр Ёров дар гузашта соҳибкор ва вакили дифоъ Нуриддин Маҳкамов низ нишастааст.

Тасмими роҳ надодани намояндагони СММ ва САҲА дар ҳолест, ки дар мурофиаи гузаштаи Бузургмеҳр Ёров додрас Асомуддин Бобохонзода ба намояндагони сафорати Амрико ва Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо иҷозаи вуруд ба толори мурофиаро дод. Ба намояндагони расонаҳо ҳам иҷозат шуд, ки ҷараёни мурофиаро бидуни дастгоҳи забту наворгирӣ назорат кунанд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои маъруф, ки аз ҳаққи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ ҳимоят мекард ва барои дифоъ аз онҳо як кумита низ ташкил дода буд, дар охирҳои моҳи сентябри соли гузашта боздошт шуд. Рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ, Вазорати корҳои дохилӣ бо пахши як хабарнома дар сомонаи худ иттилоъ дод, ки Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст.

Мақомоти тафтишотии парвандаи Бузургмеҳр Ёров дар моҳи декабри соли гузашта ӯро боз ба се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” муттаҳам донистанд.

Мурофиаи Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов дар ҳоле ҷараён дорад, ки рӯзи 4 май Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия – ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон – дар як гузориши муштарак аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки 4 вакили мудофеи боздоштшуда ва ду писари як вакили дигарро, ки низ дар боздошт қарор доранд, “билофосила ва бидуни қайду шарт” озод кунанд.

Дар гузориши ин ду созмон бо номи “Тоҷикистон: Вакилони ҳуқуқи башарро озод кунед” рӯзи 4 май нашр шуд, гуфта мешавад, ки аз соли 2014 ба ин тараф дар Тоҷикистон дастикам 5 вакили мудофеъ – Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додоҷонова ва ҳамин тавр Фирӯз ва Далер Табаровҳо – ду писари вакили дигари шинохта Исҳоқ Табаров бо иттиҳомоти мухталиф дастгир шуда, аз ин миён танҳо Фахриддин Зокиров баъди ду дафъаи боздоштҳои тӯлонӣ раҳо ёфтааст. Бақия, бино ба ин гузориш, бо ҳукмҳои машкук зиндонӣ шуда ваё бо иттиҳомоти бофта таҳти муҳокима қарор доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG