Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса ба вазири кишоварзии Русия виза дод


Александр Ткачёв
Александр Ткачёв

Фаронса ба Александр Ткачев-вазири кишоварзии Русия раводид ё визаи вуруд дод, бо вуҷуди он ки вай дар феҳристи сиёҳи Иттиҳодияи Аврупо қарор дорад.

Маълум нест, ки чаро Фаронса таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупоро истисно донистааст, дар ҳоле ки барои пайвастани Қрим ба Русия дар соли 2014 Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳо ҷорӣ карда буд.

Ткачев раҳбарии ҳайати Русияро дар ҳамоиши Созмони байналмиллалии ҳифзи саломатии ҳайвонот дар Порис бар уҳда хоҳад дошт. Ин ҳамоиш 22 май дар Порис оғоз шуд.

Моҳи январ Олмон ба ин вазир раводид надода буд. Баъзе сиёсатмадорони дар Фаронса барои бардоштани таҳримҳо бар зидди Русия садо баланд кардаанд.

Моҳи гузашта Маҷлиси поёнии порламони Фаронса барои лағви таҳримҳои зидди Русия рай дод. Вале ҳукумати сотсиалистҳо ба ин пешниҳод мухолиф аст.

XS
SM
MD
LG