Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Путин, президенти Русия қонун дар бораи боло бурдани синни нафақаро имзо кард. Ин қонун пешбинӣ мекунад, ки дар риштаҳои буҷавӣ мардҳо аз синни 65 ва занон аз 63 ба нафақа бароянд.

Тавре хабаргузории "Интерфакс" менависад, боло бурдани синни нафақа зина ба зина анҷом мешавад. Қонун 1 январи соли 2017 эътибор пайдо хоҳад кард.

Пештар аз ин Путин гуфта буд, ки синни нафақаро дар Русия "дер ё зуд" бояд боло бурд. Президент ин тасмимро "мушкили системавӣ" номид, ки ба гуфтаи вай, "бо боло рафтани сатҳи дарозумрӣ"-и русҳо пайдо мешавад.

Раиси Маркази таҳаввулоти стратегии Русия Алексей Кудрин дар шӯрои иқтисодии назди президент, ки интизор меравад 25 май баргузор шавад, пешниҳод хоҳад кард, ки шаҳрвандони Русия аз синни 63 ба нафақа бароянд.

XS
SM
MD
LG