Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Алмаато рӯзноманигори мухолиф зиндонӣ шуд


Додгоҳе дар Алмаатои Қазоқистон пардохти ҷуброни даъвои "Казкоммертсбонк"-ро аз сӯи рӯзноманигори мухолиф Ғизол Байдалинова ва соҳибкор Таир Калдибоев эътироф накард ва ин ду нафарро зиндонӣ намуд.

Муассис ва муҳаррири сомонаи Nakanune.kz Ғизол Байдалиноваи 48-сола ва соҳибкор Таир Калдибоеви 49-сола барои паҳн кардани иттилои бардурӯғ дар бораи "Казкоммертсбонк" гунаҳкор дониста шуданд. Байдалинова ба 1,5 сол ва Калдибоев ба 4,5 сол зиндонӣ гардиданд.

Байдалинова гуфта, ки ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳад бурд. Аммо Калдибоев мегӯяд, ҳанӯз ҳеч тасмиме нагирифтааст. Қироати ҳукм бе ҳузури додситон ва вакили дифоъ сурат гирифтааст.

Дар ҳукмнома додрас гуфтааст, маблағе, ки ба суратҳисоби "Казкоммертсбонк" дар ҳаҷми 144 миллиону 235 танга интиқол дода шуд, даъворо қонеъ намекунад, зеро ин маблағро худи Калдибоев насупорида, (Калдибоев дар ин муҳлат дар маҳбас нигаҳдорӣ мешуд), балки вакили дифоаш интиқол додааст.

XS
SM
MD
LG