Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Эрон муҳофизакор раиси Шӯрои Хибрагон интихоб шуд


Оятуллоҳ Аҳмад Ҷаннатӣ

Оятуллоҳ Аҳмад Ҷаннатӣ

Маҷлиси Хибрагони Эрон оятуллоҳ Аҳмад Ҷаннатӣ -шахсияти муҳофизакорро дар райгирӣ раиси худ интихоб кард. Ин ниҳоди нируманд масъули интихоб ва назорат бар фаъолияти раҳбари рӯҳонии ин кишвар мебошад.

Ин ниҳод аз 88 нафар иборат аст ва Ҷаннатии 90 соларо рӯзи 24 май бо 51 рай ба ин мақом баргузид. Оятулло Иброҳим Аминӣ ва Маҳмуд Ҳошими Шоҳрудӣ-ду номзади дигари муҳофизакор 21 рай ва 13 рай гирифтанд. Аз ислоҳотталабон касе номзадиашро ба ин мақом нагузошта буд.

Дар интихоботи моҳи феврали соли ҷорӣ ислоҳотталабон пирузии чашмгир ба даст оварданд, вале Шӯрои Хибрагон зери назорати муҳофизакорон боқӣ мемонад.

Оятуллоҳ Аҳмад Ҷаннатӣ ҳамчунин раҳбарии Шӯрои Нигаҳбонро бар уҳда дорад, ки бар иҷрои Қонуни Асосӣ назорат мекунад. Ин ниҳод садҳо нафар номзадро аз ширкат дар интихоботи порламонӣ маҳрум кардааст.

XS
SM
MD
LG