Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳҷӯёнро аз Идоменӣ ба ҷои дигар мебаранд


Мақомоти Юнон тадриҷан урдугоҳи паноҳҷӯён дар Идомениро холӣ мекунанд. Ин бузургтарин урдугоҳи Юнон аст ва дар марз бо Македония ҷой гирифтааст.

Тақрибан 200 нафар кормандони пулис дастрасӣ ба ин урдугоҳро маҳдуд кардаанд, вале Гиоргос Киритсиз-сухангӯи ҳукумат дар умури паноҳҷӯён гуфт, ки пулис аз ниру истифода нахоҳад кард.

Ба гуфтаи Киритис, ин амалиёт 10 рӯз давом хоҳад кард. Дар ин урдугоҳ тақрибан 8 400 нафар ба сар мебаранд. Мақомот мегӯянд, ки паноҳҷӯён тадриҷан ба урдугоҳи нави созмондода шуда кӯч дода мешаванд.

Автобусҳое, ки кормандони пулисро мебурданд, дар ин минтақа дида мешуданд. Онҳоро аз ҳаво як чархбол ҳамроҳӣ мекард. Аксари паноҳҷӯёни ин урдугоҳ аз Сурияву Ироқ ва Афғонистон ҳастанд ва онҳо бо қоиқҳо аз Туркия ба Юнон гузаштаанд.

XS
SM
MD
LG