Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омбудсмени тоҷик Зариф Ализода ба мақомоти интизомӣ тавсия додааст, ки нисбат ба ширкатҳои интернетрасон барои бидуни огоҳӣ бастани сомонаҳо чораи қонунӣ андешанд.

Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон барои бидуни огоҳӣ бастани сомонаҳои интернетӣ дар кишвар ҷазо пешниҳод кардааст. Зариф Ализода дар маърӯзаи 24 маяш дар Душанбе, ки аз як соли вазъи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандон натиҷагирӣ мекард, гуфт, "ҳаққи истифодабарандагони Интернет ҳамчун истеъмолкунанда таъмин шуда,шаҳрвандон пеш аз гузарондани корҳои профилактикӣ огоҳ карда шаванд."

Зариф Ализода мегӯяд, дар соли гузашта торнамоҳои хабарии news.tj, tojnews.org, ozodi.org, ozodagon.com, faraj.tj, youtube.com, Вконтакте, facebook.com ва Одноклассники баста шудаанд. Ӯ барои нақз нашудани дастрасии сокинон ба иттилоъ ва, ҳамин тавр, ҳуқуқи моликони торнамоҳо тавсия додааст, ки “дар сурати бе санади расмӣ бастани сомонаҳо нисбат ба ширкатҳои таъминкунандаи Интернет чораҳои қонунӣ андешанд.”

То кунун дар Тоҷикистон барои бастани сомонаҳои интернетӣ касе ба додгоҳ кашида нашудааст. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар борҳо бастани сомонаҳоро аз сӯи ин ниҳоди расмӣ ба гардан нагирифта, ширкатҳои таъминкунандаи Интерент ин мушкилро гоҳе фаннӣ ва гоҳе дигар “дастури боло” унвон кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир баъзе аз сомонаҳо, мисли “Азия-Плюс”, Озодӣ ва Озодагон низ тариқи Интернети аксар ширкатҳо баста буд, касе далелашро ҳам нагуфтааст.

Як корманди идораи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, тасмими ахири онҳо аз шикояти пайвастаи моликони торнамоҳо бархостааст, ки намедонанд саҳифаашон аз сӯи кӣ ва чаро баста шудааст? Ӯ гуфт, “ба мо муроҷиат мекунанд. Мо дар навбати худ дар ин бора ба Хадамоти алоқа гуфтем. Дар онҷо мегӯянд, ки кори онҳо нест. Барои ҳамин, тавсия доад шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба касе, ки бе огоҳии расмӣ торнамоҳоро мебандад, чораҳои қонунӣ биандешанд.”

Бархе аз хабарнигорон аз тавсияи Зариф Ализода ҳимоят карда, аммо гуфтанд, ки ба эҳтимоли зиёд касе барои бастани сомонаҳои хабарӣ ба ҷавобгарӣ кашида нахоҳад шуд. Чун, ба бовари бархеи онҳо, ин ширкатҳо асосан дастури Хадамоти алоқаро иҷро карда, барои суст кардани бозори интернеташон шахсан иқдом нахоҳанд кард.

Омбудсмени тоҷик мегӯяд, аммо тавсияи ӯ ба торнамоҳое, ки аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон баста шудаанд, дахл надорад. Додгоҳи олии Тоҷикистон бо ҳалномаҳои худ даҳҳо саҳифаи интернетиро барои таблиғи ифротгароӣ ва хидмат ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ масдуд кардааст, ки дар қатори онҳо саҳифаи пешини ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ низ шомил аст.

Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, дар идомаи маърузааш аз тамоми додгоҳҳои кишвар низ хостааст, ки дар бораи мурофиаҳои таҳти назораташон бештар иттилоъ бидиҳанд, то ба ҳаргуна овозаҳо нуқта гузошта шавад. Ӯ гуфтааст, “кам будани иттилои расмӣ аз ҷараёни мурофиаҳои додгоҳӣ боис ба афкори манфии ҷомеа мешавад.”

Тафсилот бо видео нашр мешавад

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG