Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пайи боронгариҳои зиёд ва омадани сел дар моҳи майи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон се ноболиғ ҷон бохтаанд. Ҷамшед Холиқов, як масъули идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон, рӯзи 24 май дар суҳбат бо Озодӣ ҳалокати ду навҷавонро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, "инҳо Рӯзибой Кенҷаеви 16-сола аз Панҷ ва Саидмусадир Қаноатови 16-сола аз Дӯстӣ буда, ҳангоми дар чарогоҳ будан зери борону сел мондаанд".

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон низ аз ҳалокати як духтари мактаб хабар доданд. Як мақоми ин ноҳия гуфт, ки Манижаи Талбон ҳангоми омадани сел ҷон бохтааст.

Аммо Ҷамшед Холиқов, ммасъули идораи ҳолатҳоиф авқулодаи Хатлон гуфт, ки "ҳоло мизони хисороти иқтисодӣ бар асари офатҳои табиӣ мушаххас нашудааст."

XS
SM
MD
LG