Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қадрдонии Русия аз Раҳимзода барои ёрӣ дар таҳқиқи қатли Гошт


Вазири корҳои дохилии Русия ҳамтои тоҷики худро "барои мусоидату ҳамкорӣ дар боз кардани қазияи куштори корманди пулис Андрей Гошт ва хонаводааш" бо медал қадрдонӣ кардааст.

Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия, ба ҳамтои тоҷикаш Рамазон Раҳимзода барои ёрӣ дар таҳқиқи куштори корманди пулиси Сизран Андрей Гошт ва аҳли оилаи ӯ изҳори сипос карда ва медали "Барои ҳамгироии низомӣ" супурдааст. Дар ин бора торнамои расмии ВКД-и Русия хабар дода ва гуфтааст, ин медалро Колоколтсев бегоҳи 23 май дар Душанбе ба Раҳимзода тақдим кард. Владимир Колокотсев барои иштирок дар Мушовараи муштараки умури дохилии Тоҷикистону Русия ба Душанбе омадааст.

Аммо мақомоти вазорати корҳои дохилии Русияву Тоҷикистон нагуфтаанд, ки дар таҳқиқи қатли Андрей Гошт ва аҳли оилааш ҷониби Тоҷикистон чӣ кумак кардааст? Дар ҳоле ки қаблан мақомоти ВКД-и Тоҷикистон гуфта буданд, Маҳмадалӣ Аҳмадов - гумонбари аслӣ дар куштори Андрей Гошт ба назди онҳо омада, аз бегуноҳияш суҳбат кардааст ва сипас баъд аз даҳ рӯзи ин ҷиноят бо хоҳиши худ ба Русия баргаштааст.

Аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон, истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ, ки дар содир кардани ҷинояте гумонбар шудаанд, манъ аст.​

Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қадрдонии Русия аз Рамазон Раҳимзодаро барои ёрӣ дар таҳқиқи қатли Андрей Гошт расман шарҳ надод. Танҳо дар сомонаи расмии ин вазорат навиштаанд, ки медали "Барои ҳамбастагии низомӣ" ҷиҳати ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо дар сатхи баланд, саъю кӯшиш дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояткорӣ" супурда шудааст.

Маҳмадалӣ Аҳмадов

Маҳмадалӣ Аҳмадов

Маҳмадалӣ Аҳмадов, ба гуфтаи мақомоти вазорати корҳои дохилаи Русия, субҳи 4 майи соли ҷорӣ ҳангоми пойин шуданаш аз парвози Душанбе–Маскав дар фурудгоҳи Домодедово дар канори пойтахти Русия дастгир шуда, худи ҳамон рӯз ба вилояти Самара бурда шудааст. Кумитаи тафтишоти Русия, ки ин зодаи Тоҷикистонро ташкилкунандаи ҳамла ба хонаводаи Андрей Гошт мешуморад, рӯзи 4 май айбномаи расмии ӯро эълон кард.​

Дар як ҳамлаи хунини рӯзи 24 апрел подполковник Андрей Гошт, муовини сардори ситоди раёсати корҳои дохилии вилояти Самара ва 5 узви хонаводаи ӯ, бо шумули падару модари солхӯрдааш кушта шуданд. Аз ин ҳамла танҳо духтарчаи ҳамагӣ ҳафтсолаи бародари ин афсари баландпояи пулис ҷон ба саломат бурд, вале то ҳол дар ҳолати мадҳушӣ дар бемористон таҳти табобат қарор дорад.

Маҳмадалӣ Аҳмадов ва ҳамин тавр, се гумонбари дигар – Ислом Бобоев, Орхан Зохрабов ва Роман Фаталиев, ки зодагони Озарбойҷон мебошанд, ҳама дар боздоштанд. Ин афрод аз рӯи моддаҳои "куштори ду ва нафари бештар", "Сӯиқасд ба куштори хурдсол" ва "авбошӣ"-и Кодекси ҷиноии Русия парванда муттаҳам мешаванд.

Дар ҷасалаи Мушовараи муштараки умури дохилии Тоҷикистону Русия, ки 23 май дар Душанбе сурат гирифт, мавзӯи занозании хунин дар қабристони Хованское низ баррасӣ шудааст. Ҷонибҳо гуфтаанд, ки ба ин ҳодиса тобиши сиёсӣ дода нашавад.

Инчунин, дар ҷаласа зикр шудааст, дар натиҷаи ҳамкории ду вазорат 29 ҷинояткор, ки аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, аз тарафи пулиси Русия дар қаламрави он кишвар боздошт шуда ва ба Тоҷикистон истирдод шудаанд. Ҳамчунин, 19 ҷинояткоре, ки аз ҷониби ВКД-и Русия дар пайгард қарор доштанд, аз ҷониби кормандони умури дохилаи Тоҷикистон дастгир карда шудаанд.

Дар ҷаласаи мазкур барномаи ҳамкориҳои муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия барои соли 2017 тасдиқ ва аз ҷониби вазирони ҳар ду кишвар имзо гардидааст.

Вазири корҳои дохилии Русия дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон субҳи сешанбеи 24 май бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин дидор дар канори муборизаи муштарак алайҳи терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавзӯъи вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор доштааст.

Феълан хадамоти муҳоҷирати Русия ба сохтори вазорати корҳои дохилии ин кишвар шомил шуда ва раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба "татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки миёни ду кишвар дар ин ҷода ба даст омадаанд, аз ҷумла дар қисмати таҳкими раванди ҳифзи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон" таъкид кардааст.

Ин манбаъ гуфт, дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамлаи ахири гурӯҳи ҷиноятӣ ба муҳоҷирони тоҷик дар қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав, ки бар асари он 3 тоҷик кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуда буданд, ибрози нигаронӣ кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби Русия даъват кардааст, ки барои ба ҷавобгарӣ кашида шудани созмондиҳандагон ва гунаҳкорони латукӯби оммавии шаҳрвандони Тоҷикистонтамоми ҷораҳои зарурӣ андешида шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG