Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳо муқобили Бангладеш


Мунтахаби футболи Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими миллии Бангладеш шурӯъ кард.

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Ҳаким Фузайлов имрӯз, 23 май, омодагиро ба бозиҳои плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими Бангладеш шурӯъ намуд.

Футболбозони тоҷик субҳи имрӯз аввалин машқи худро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе анҷом доданд. Ба ҳайати васеи даста ҷиҳати омодагӣ ба бозиҳо муқобили тими Бангладеш 29 бозигар – 4 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват шудаанд. Дар рӯйхат се легионер – дарвозабони «Олой»-и шаҳри Ӯши Қирғизистон Абдуазиз Маҳкамов, ҳимоятгари «Газовик»-и Оренбург Фарҳод Восиев ва ҳамлагари «Динамо»-и Брест Ҷаҳонгир Эргашев – шомиланд.

Рӯзи панҷшанбеи 26 май мунтахаби миллии Тоҷикистон пеш аз бозӣ бо тими Бангладеш бо мунтахаби легионерҳои бошгоҳҳои футболи лигаи олии кишвар бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин бозии дӯстона дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 оғоз меёбад.

Бозии аввали тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Бангладеш дар плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 рӯзи 2 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 20:00 ва бозии ҷавобӣ 7 июн дар Варзишгоҳи миллии «Бангабанду» дар Дакка соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ (16:00 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешаванд.

Ҳайати васеи мунтахаби миллии Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Фатҳулло Бобоев (ССКА «Помир»);

Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев («Газовик», Русия), Дороб Эргашев («Регар-ТадАЗ»), Давронҷон Эргашев, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), Табрези Давлатмир («Барқчӣ»), Эраҷ Раҷабов («Хайр»), Далерҷон Тухтасунов, Ҳасан Рустамов (ҳарду – «Ҳосилот»);

Нимҳимоятгарон: Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳарду – «Барқчӣ»), Нуриддин Давронов, Парвизҷон Умарбоев, Фаридун Шарифов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев (ҳама – «Истиқлол»), Парвиз Қашқаров (ССКА «Помир»), Умедҷон Шарифов («Вахш»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»);

Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Беларус), Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»), Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳарду – «Истиқлол»), Комил Саидов («Барқчӣ»).

XS
SM
MD
LG