Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як ҳайати баландпояи ВКД-и Русия таҳти роҳбарии вазири корҳои дохилии ин кишвар Владимир Колоколтсев дар нимаи дуввуми рӯзи 23-юми май ба Душанбе омад. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23 май ба Радиои Озодӣ гуфт, вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев ҳамроҳи сардорони раёсатҳо ва департаментҳои умури дохила барои ширкат дар ҷаласаи машваратӣ омадаааст. Ҳамин рӯз мулоқоти ҳайатҳои вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Русия дар бӯстонсарои ҳукумат оғоз мешавад. Ба иттилои манбаъ, дар ин ҷаласа ҳайати Тоҷикистонро Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон роҳбарӣ хоҳад кард. Интизор меравад дар ин нишаст масъалаҳои марбут ба терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ва роҳҳои муштараки ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои созмонёфта, баррасӣ шаванд. Ҷаласаи машваратӣ ду рӯз идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG