Пайвандҳои дастрасӣ

Афзалшоҳи Шодӣ: Овозаи аз кор рафтани ман дурӯғ аст


Афзалшоҳи Шодӣ

Афзалшоҳи Шодӣ

Афзалшоҳи Шодӣ, мудири филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев овозаҳо дар бораи гӯё аз ин мақом барканор шуданаш баъди баргузории консерт ба шарафи 75-солагии шоири зиндаёд Лоиқ Шералиро рад кард. Афзалшоҳи Шодӣ шоми 20 май дар толори Филармония консерти вижае ба ёди Лоқи Шералӣ барпо кард. Ба дунбол, дар Интернет хабарҳое нашр шуд, ки гӯё ӯро барои ин консерт аз мақом барканор кардаанд. Аммо Афзалшоҳи Шодӣ рӯзи 23 май дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ин овозаҳо ягон воқеъият надоранд: “Ҳамааш хуб аст. Ягон мушкил нест. Консерти мо ба дараҷаи олӣ гузашт.” Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ, ки ҳоло 54 сол дорад, бештар бо таронаҳое, ки бар пояи ашъори Лоиқ хондааст, маъруф аст. Ӯ дар моҳи июли соли 2014 мудири Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъин шуд.

Матлаби муфассалро дар бораи 75-солагии Лоиқ Шералӣ инҷо бихонед:

Лоиқ намеояд дигар...

XS
SM
MD
LG