Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маркази Алма-Ато ва Атирауро пулис назорат мекунад


Майдонҳои марказии Алма-Ато ва Атирауи Қазоқистон шуруъ аз як рӯз баъди манъи баргузории эътироз дар масъалаи замин то кунун аз сӯи пулис назорат мешаванд.

Дар шаҳри Атирау майдони марказӣ бо деворҳои оҳанин печонида шуда, пулис аз канор назорат мекунад. Дар наздикии майдон мошинҳо ва автобусҳои пулис истодааст.

Чанд мошини сабукрави пулис ва автобусҳо дар майдони Республикаи шаҳри Алма-Ато низ мушоҳида шудааст.

Дар шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон 21 май сокинон талош карданд, ки бо баргузории гирдиҳамоӣ норозигии худро аз ислоҳоти Кодекси замин баён кунанд. Тағйироти нави Кодекси замини Қазоқистон ба хориҷиён имкон медиҳад, ки заминҳои ин кишварро ба муҳлати 25 сол ба иҷора гиранд. Дар Алма-Ато, Остона, Атирау, Актобе, Уралск майдонҳои марказӣ аз сӯи пулис муҳосира шуданд. Баъдтар дар бораи боздошти даҳҳо шаҳрванд, аз ҷумла, рӯзноманигорон, ки миёни онҳо 9 хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ низ буданд, хабар расид.

Намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот Дуня Миятович боздошти дастаҷамъии рӯзномангоронро дар Қазоқистон, ки барои инъикоси гирдиҳамоӣ омада буданд,маҳкум кард. Раиси кумитаи пулиси маъмурии ВКД Игор Лепеха дар як нишасти хабарӣ дар Остона боздошти рӯзноманигоронро иштибоҳ унвон кард, хабар медиҳад "Интерфакс".

XS
SM
MD
LG