Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози амалиёти зидди "Давлати исломӣ" дар Фаллуҷа


Сарвазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ аз оғози амалиёти низомӣ бо ҳадафи аз ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” бозпас гирифтани шаҳри Фаллуҷа хабар дод. Ибодӣ рӯзи 22 май дар паёми телевизиониаш гуфт, нирӯҳои Ироқ дар “остонаи расидан ба пирӯзии бузург” бар “Давлати исломӣ” қарор доранд. Фаллуҷа дар 65-километрии ғарби Бағдод, пойтахти Ироқ ҷойгир шудааст. Ин дар пасманазир силсилаи хабарҳо дар бора аз чанд шаҳри Ироқ берун андохтани “Давлати исломӣ” хабар доданд. Аз ҷумла ҳафтаи гузашта нирӯҳои Ироқ аз бозпас гирифтани шаҳри Рутба дар қалби вилояти Анбор хабар доданд. Аммо “Давлати исломӣ” ҳанӯз қисматҳои муҳиме аз қаламрави Ироқ дар шимол ва ғарби ин кишвар, бо шумули Мосул – дувумин шаҳри бузурги Ироқро дар дасти худ нигоҳ доштааст. “Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки фаъолияташ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон манъ шудааст. Ин гурӯҳ соли 2014 қисматҳое аз Сурияву Ироқ тасарруф ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном “хилофат” кардааст.

XS
SM
MD
LG