Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Обама аз кушта шудани раҳбари Толибон


Мулло Ахтар Мансур
Мулло Ахтар Мансур

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама кушта шудани раҳбари ҷунбиши Толибон Мулло Ахтар Мансурро тасдиқ кард ва гуфт, ҳалокати Мулло Мансур “як нуқтаи атф” дар амри талошҳо барои овардани сулҳ ба Афғонистон аст. Обама дар баёнияи рӯзи 23 майаш гуфт, “мо раҳбари созмонеро, ки ба тавтиа ва ҳамлаҳои ошкор алайҳи нирӯҳои Амрико ва эътилоф идома дода, ҷангро алайҳи мардуми афғон доман мезанад ва худро ҳамсафи гурӯҳҳои ифротие, чун Ал-Қоида медонад, аз байн бурдем.” Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки Мулло Мансур субҳи 21 май бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар вилояти Балуҷистон дар ҷанубуғарби Покистон, дар наздикии марз бо Афғонистон кушта шуд. Вазорати хориҷаи Покистон ин ҳамларо ҳамчун нақзи истиқлоли ин кишвар маҳкум кард ва гуфт, Амрико қабл аз анҷоми он Исломободро дар ҷараён нагузоштааст. Мулло Мансур моҳи июли соли 2015, баъди аз сӯи Кобул эълон шудани хабари ҳанӯз ду сол пеш дар бандари Карочии Покистон даргузаштани асосгузори Толибон Мулло Умар раҳбари ин ҷунбиши чирикӣ эълон шуда буд.

XS
SM
MD
LG