Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раъйпурсӣ қудратро дар дасти Э.Раҳмон бештар мекунад


Мақомоти интихоботии Тоҷикистон мегӯянд, раъйдиҳандагон тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосиро тасвиб карданд. Ин тағйирот ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки қудрати боз ҳам бештарро дар дастони худ ҷамъ орад. Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бо эълони натиҷаҳои муқаддамотии раъйпурсии рӯзи 22 май гуфт, 94,5 дарсади райъдиҳандагон аз тағйироти пешниҳодӣ ба Қонуни асосӣ пуштибонӣ кардаанд. Мақомот мегӯянд, дар раъйпурсии саросари 92 дарсади афроди соҳиби ҳаққи овоздиҳӣ ширкат кардаанд. Як тағйири асосӣ аз байн бурдани ҳар навъ маҳдудият барои раёсати Эмомалӣ Раҳмон ва аз 35 то 30 пойин овардани синни ҳадди ақали номзадӣ ба мақоми президентист. Иловаи ахир ба писари 29-солаи президент – Рустами Эмомалӣ низ ҳақ медиҳад, дар интихоботи оянда даъвои мақоми раҳбарӣ кунад. Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, қариб 24 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад. Мунтақидон ӯро ба нақзи афзояндаи озодиҳои мазҳабӣ, ҷомиаи шаҳрвандӣ ва чандандешии сиёсӣ дар солҳои охир айбдор мекунанд. Бар асоси тағйироти ахири тасвибшуда ба Қонуни асосӣ, таъсиси аҳзоби сиёсии мазҳабӣ низ дар Тоҷикистон қонунан манъ мешавад. Фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ – ягона ҳизби сабтиномшудаи мазҳабӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ – бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябри соли 2015 манъ шуда буд.

XS
SM
MD
LG