Пайвандҳои дастрасӣ

Президент:Ҳукумат ба неруи ҷавонон эътимод дорад


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар иртибот ба Рӯзи ҷавонон "созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистон"-ро табрик гуфтааст.

Ӯ дар паёми табрикиаш гуфтааст: "Шумо, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунед, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоред".

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳукумат ба неруи ҷавонон эътимод дошта ва пешниҳодоту ибтикороти онҳоро дастгирӣ мекунад, бароикору таҳсили ҷавонон шароити мусоидро фароҳам месозад.

Дар ин паём таъкид шудааст, ба манзури таҳкими равобит миёни президент ва ҷавонон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис шуда ва ин ниҳод сиёсати давлатии ҷавонон ва мусоидат дар амалӣ шудани пешниҳодоту ибтикороти онҳоро татбиқ мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба омӯзиши донишҳои мусоир, корҳои илмию пажӯҳишӣ, ширкати фаъол дар бунёди иншоотҳои муҳими аср ва ҳимояи марзу буми кишвар даъват кардааст.

XS
SM
MD
LG