Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон тарҳи беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар иҷро мешавад


Бунёди АвруОсиё Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон ва пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи башари Эстония ба иҷрои марҳилаи ниҳоии тарҳи муштараки "Шарикии байналмилалӣ ба хотири тавсеъаи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон" шурӯъ кардаанд.

Дар баёнияи Бунёди АвруОсиё Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон таъкид шудааст, ки ин тарҳ дар чорчӯби барномаи "Ҳамкории Эстония дар бахши рушд"-и Вазорати хориҷаи ин кишвар амалӣ мешавад.

Ин тарҳ дар муддати ду сол, аз 1 ноябри соли 2015 то 31 октябри соли 2017 иҷро шуда ва ҳадафи аслии он беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар ва пуштибонӣ аз рушди демократия дар Тоҷикистон ҳисоб меёбад. Дар назар аст, дар ин замина корҳо дар се сатҳ-бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии маҳаллӣ, бо донишҷӯён ва намояндагони муассисоти таҳсилоти олии Тоҷикистон сурат бигирад.

Нахустин давраҳои омӯзишии муштарак дар Тоҷикистон таҳти унвони "Муносибат дар ҷаҳони бисёрфарҳангӣ ва бисёрмазҳабӣ" ва "Табиат, муҳит ва ҳуқуқи инсон" дар рӯзҳои 23 то 27 майи соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

Дар давраҳои омӯзишӣ намояндагони 20-25 созмони ҷамъиятӣ ширкат карда ва дар онҳо масоили зиндагии муосир дар ҷаҳони бисёрфарҳангӣ ва бисёрмазҳабӣ, масоили мазҳабӣ, ҳифзи табиат ба ҳангоми корҳои кишоварзӣ ва фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии Эстония дар самти ҳифзи муҳити зист баррасӣ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG