Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори вазирони хориҷаи СҲШ дар Тошканд


Рӯзи душанбеи 23 май дар шаҳри Тошканди Узбакистон ҷаласаи дурӯзаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай шурӯъ хоҳад шуд.

Бино ба иттилои Вазорати хориҷаи Узбакистон, дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов, Русия Сергей Лавров, Чин Ван И, Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва Узбакистон Абдулазиз Комилов ва дабири СҲШ Рашид Олимов ширкат хоҳанд кард.

Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ШҲШ марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон дар шаҳри Тошканда дар авохири моҳи оянда ҳисоб меёбад. Дар ҷаласаи Шӯро масоили мавриди баҳси нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ва санадҳои ҳуқуқӣ барои имзо баррасӣ ва тасдиқ хоҳад шуд.

Дар назар аст, дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ Эъломияи 15-солагии таъсиси Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай тасвиб шуда, дурнамои рушди ин созмон, мавқеъи СҲШ дар қиболи вазъи феълии байналмилалӣ ва минтақавӣ ва масоили амниятӣ баррасӣ шавад.

Ҳамчунин, дар ин нишаст мавзӯъи пазируфтани Ҳиндустону Покистон ба узвияти Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай матраҳ мешавад.

XS
SM
MD
LG