Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар вилояти Ленингради Русия шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар қатли марди калонсоли рус боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои Русия, шоми 21 май дар деҳаи Плинтовкаи ноҳияи Всеволожскийи вилояти Ленинград марди 47-солаи тоҷик бо марди 60-сола машруб хӯрда ва ба ҳангоми моҷаро миёни онҳо муҳоҷири тоҷик ба пушти рақиби худ корд задааст.

Бар асари зарбаи корд ин марди калонсол ҷон бохта ва муҳоҷири тоҷик аз ҷониби пулис боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, марди фавтида маъюб будааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG