Пайвандҳои дастрасӣ

То соати 18 дар райпурсӣ 88 дарсад ширкат кардаанд


Ду соат пеш аз баста шудани ҳавзаҳои райдиҳӣ Кумиссиюни Марказии интихобот ва райдиҳии Тоҷикистон эълон кард, ки дар райпурсии 22 май бештар аз 88 дарсади аҳолии қобили рай ширкат ҷустаанд.

Дар ин райпурсӣ 41 тағиру илова ба райдиҳӣ гузошта шуда буд. Вале барои ҳамаи он райдиҳанда бояд ё ҷавоби “ҲА” бидиҳад ва ё ҷавоби “НА”. Имкони рай додан ба ҳар тағир ё илова вуҷуд надошт.

Коршиносон мегӯянд, ҳадафи ин тағиру иловаҳо таҳкими қудрати Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳур дар кишвраш аст. Муҳимтарин тағир ин аст, ки маҳдудияти ширкати раиси ҷумҳури кунунӣ дар интихоботҳои баъдиро аз миён мебардорад.

Ба таври қонунӣ мамнуъ эълон кардани ташкили ҳизбҳои мазҳабӣ низ аз ҷумлаи чунин тағироти муҳим мебошад. Гузашта аз ин, “Пешвои миллӣ” эътироф шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ин маънист, ки вай ва аъзои хонаводааш барои ҷурме ба додгоҳ кашонда намешаванд ва ҳамеша масъуният хоҳанд дошт.

Иловаи дигари муҳим аз синни 35 ба 30 сол поин овардани синни номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурист, ки Рустами Эмомалӣ-писари раиси ҷумҳури кунунӣ низ метавонад худро номзад пешбарӣ кунад. Ҳоло вай 29 сол дорад.

XS
SM
MD
LG