Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин мусовии “Истиқлол” ва аввалин имтиёзи “Равшан”


Рӯзҳои 20-21 май бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Бозии марказии даври ҳафтуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбеи 21 май дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар байни тимҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва «Хайр»-и Ваҳдат баргузор шуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. «Равшан»-и Кӯлоб, ки бозиро бо дастаи меҳмон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 3:3 анҷом дод, аввалин имтиёз ба даст овард.

«Ҳосилот»-и Фархор дар майдони худ «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. “Барқчӣ”-и Душанбе дастаи меҳмон – “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзодаро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.

БОЗӢ МИЁНИ ДАСТАҲОИ "ҲОСИЛОТ" ВА "ХУҶАНД" ДАР ФАРХОР

Бозӣ миёни дастаҳои "Ҳосилот" ва "Хуҷанд" дар Фархор
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Ба ин тартиб, “Истиқлол” дар ҷадвали мусобиқа бо 19 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. “Ҳосилот” бо 14 имтиёз дар ҷойи дувум ва “Хайр” бо 12 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.

Бинобар бозиҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон дар плей-оффи Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими Бангладеш, дар мусобиқаи лигаи олӣ ба муддати се ҳафта танаффус эълон шудааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7-ум

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1

Голҳо: Хуршед Маҳмудов, 17 (1:0). Хуршед Маҳмудов, 57 (2:0). Фирӯз Қараев, 65 (2:1).

«Хайр» – «Истиқлол» – 0:0

«Вахш» – ССКА «Помир» – 3:2

Голҳо: Андоҳ Наполеон, 38 (0:1). Давронҷон Тухтасунов, 41 (0:2). Аҳтам Ҳамроқулов, 49 (1:2). Умедҷон Шарифов, 65 (2:2). Ҷамолиддин Зардиев, 75 (3:2).

«Ҳосилот» – «Хуҷанд» – 1:0

Гол: Мӯсо Содиқ, 35.

«Равшан» – «Парвоз» – 3:3

Голҳо: Музаффар Назаров, 6 (1:0). Далер Чолов, 10 (2:0). Аваз Норқӯзиев, 18 – аз пеналтӣ (2:1). Ширин Наимов, 25 (3:1). Руслан Таваккалов, 42 (3:2). Аваз Норқӯзиев, 56 (3:3).

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1

Голҳо: Хуршед Маҳмудов, 17 (1:0). Хуршед Маҳмудов, 57 (2:0). Фирӯз Қараев, 65 (2:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

7

6

1

0

26-9

19

2

«Ҳосилот» (Фархор)

7

4

2

1

11-7

14

3

«Хайр» (Ваҳдат)

7

3

3

1

12-4

12

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

7

3

1

3

11-9

10

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

7

3

1

3

8-7

10

6

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

7

3

1

3

13-14

10

7

«Барқчӣ» (Душанбе)

7

3

1

3

10-11

10

8

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

7

3

0

4

5-12

9

9

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

7

1

1

5

7-14

4

10

«Равшан» (Кӯлоб)

7

0

1

6

6-22

1

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 8 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 6 тӯб, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш») – 4-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG