Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон марги Мулло Мансурро тасдиқ кард


Ҳукумати Афғонистон марги Мулло Муҳаммад Ахтар Мансур-раҳбари Толибонро таъйид кард. Ахтар Мансур дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин кушта шудааст.

Мулло Абдул Рауф-фармондеҳи баландпояи Толибон, ки ахиран ба Ахтар Мансур пайваста буд, гуфтааст, ки шоми рӯзи ҷумъа Мансур дар минтақаи марзии миёни Афғонистону Покистон ба қатл расидааст.

Ин хабарро Раёсати амнияти милии Афғонистон низ дар эъломияе тасдиқ кард. Пеш аз пахши ин хабарҳо, доктар Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси иҷроии Афғонистон гуфт, “ба эҳтимоли зиёд Мансур кушта шудааст”.

Дар ҷаласаи кобинаи худ, ки ҷараёни он аз тариқи телевизион мустақиман пахш мешуд, доктар Абдуллоҳ гуфт, марги Мансур ба талошҳо дар бораи таъмини сулҳ дар Афғонистон асари мусбат хоҳад дошт.

Ба гуфтаи Абдуллоҳ, “Мансур шахсияти аслии Толибон буд, ки онҳоро аз ширкат дар музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон боз медошт”.

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико низ ҳангоми сӯҳбат роҷеъ ба Ахтар Мансур барои вай замони гузаштаи феълро истифода мекард, яъне мисли Абдулло ба истилоҳ “шахсе буд” мегуфт.

XS
SM
MD
LG