Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбакистон корхонаи коркарди газ фаъол шуд


Дар Қакрақалпоқистони Узбакистон дар маҳале бо номи Сургил муҷтамаи газу кимёи Узбакистон ба кор даромад ва аз он муҷтамаи Устюрт ном мебаранд. Дар сохтмони он 4 миллиард доллар сарф шудааст. Дар ин бора Хван Ге Ан-нахуствазири Кореяи Ҷанубӣ дар маросими гушоиши он хабар дод. Вай як ҷо бо Шавкат Мирзиёев-нахуствазири Узбакистон дар ин марсим ширкат доштанд.

Тибқи хабарҳои матбуотӣ дар Сиргил яке чоҳҳои истихроҷи газ ҷой гирифтааст. Сохтмони муҷтамаи Устюрт соли 2012 оғоз шуда буд ва он дар Осиёи Марказӣ бузургтарин корхона дар навъи худ ба шумор меравад.

Ин муҷтамаъ соле 4,5 миллиард метри муккааб газро ба коркард мегирад ва 3,5 миллиарди онро баъд аз коркард ба истифода равон мекунад. 378 ҳазор тон полиэтилен, 83 ҳазор тон полипропилен ва бештар аз 100 ҳазор тон фаровардаҳои дигари кимёӣ тавлид мекунад.

Дар остонаи маросими оғози баҳрабардорӣ аз ин муҷтамаъ Хван Ге Ан-нахуствазири Кореяи Ҷанубӣ бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон дар Тошканд мулоқот кард.

Кореяи Ҷанубӣ яке аз ҳамкорони муҳими тиҷоратии Узбакистон ба шумор меравад ва гардиши колои миёни ин ду кишвар дар соли 2015 1,7 миллиард долларро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG