Пайвандҳои дастрасӣ

23-24 май дар Тошканд ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой баргузор мешавад. Дар ин ҷаласа вазирон масъалаҳои дастури рӯзи ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узвро баррасӣ мекунанд.

Масъалаҳои аслии ин ҳамоиш ба тавсеаи ин созмон иртибот дорад, яъне масъалаи қабули Ҳиндустону Покистон ба узвияи ин созмон баррасӣ мешавад. Дар ин бора торнамои вазорати корҳои хориҷаи Русия хабаре ба нашр расондааст.

Дар дастури рӯзи ҷаласаи вазирон таҳияи ҳуҷҷатҳои марбут ба Аҳдномаи Созмони Ҳамкории Шонгҳой, мубориза бо ифротгароӣ, стратегияи зидди маводи мухаддири кишварҳои узв барои солҳои 2017-2022 ва амсоли он дохил мешавад.

Ҳоло Чину Қазоқистон, Қирғизистону Русия, Тоҷикистону Узбакистон узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой мебошанд. Афғонистону Беларус ва Эрону Муғулистон мақоми нозирро доранд.

XS
SM
MD
LG