Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эҳтимоли кушта шудани раҳбари Толибон


Мулло Ахтар Мансур

Мулло Ахтар Мансур

Вазорати дифои Амрико эълон кард, ки бар зидди Мулло Ахтар Мансур-раҳбари Толибон ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додаанд ва мақомоти расмии Амрико мегӯянд, ки ба “эҳтимоли зиёд” Мансур кушта шудааст.

Петр Кук-сухангӯи вазорати дифои Амрико гуфт, ки ин ҳамла субҳи 21 май дарминтақаи дурафтодаи марзии миёни Афғонистону Покистон сурат гирифтааст. Ба гуфтаи вай , Амрико натиҷаҳои ин амалитётро таҳқиқ мекунад.

Аммо мақомоти Амрико ҳақ надоранд, амалиётеро баррасӣ кунанд, ки ба таври ошкор гуфта мешавад, Мансур ва як марди дигари ҳамроҳи вай, ки дар мошин як ҷо ҳаракат мекарданд, эҳтимолан кушта шудаанд.

Сухангӯи вазорат гуфт, ин ҳамларо ҳавопаймоии бесарнишни нируҳои вижаи Амрико анҷом додаанд. Ин амалиёт дар ҷануби ғарбии шаҳраки Аҳмадвол анҷом гирифтааст ва ба он Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико иҷоза додааст.

Қатли Мулло Ахтар Мансур, ки бояд таъйид шавад, метавонад пайомадҳое дар таъхири музокироти сулҳи миёни ҳукмати Афғонистогн ва Толибон дошта бошад.

XS
SM
MD
LG