Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талбаков: Раъйпурсӣ аз интихоботҳои гузашта фарқ дорад


Исмоил Талбков

Исмоил Талбков

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ислоҳи Қонуни асосиро "қадаме барои пешрафти кишвар" донист ва гуфт, ки ин тағйирот махсус барои номаҳдуд шудани иштироки раисиҷумҳури феълӣ дар интихоботҳои баъдӣ сурат намегирад. Талбаков ин ҳарфҳоро рӯзи 22 май ҳангоми раъйдиҳӣ ба хабарнигори Озодӣ баён дошт.

Ӯ гуфт, "ман барои ободӣ ва пешрафти Тоҷикистон овоз додам. Ин маърака аз интихоботи президентӣ ва порлумонии се соли охир дар кишвар фарқ дорад."

Муовини раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки оё аз 35 то 30 поин овардани синни номзад ба президентӣ эҳтимоли роҳкушоӣ ба Рустами Эмомалӣ - писари раисиҷумҳур ҳаст ё не, гуфт: "Албатта, тарбия кардани писар вазифаи падару модар аст ва интихоб кардан аз сӯи мардум. Ин тағйирот маҳз барои иваз кардани синну соли президент нест. Дар онҷо тағйироти дигар низ ҳастанд."

То ин дам Саидҷаъфар Усмонзода ва Абдуҳалим Ғаффоров - раҳбарони ҳизби демократ ва сотсиалисти Тоҷикистон ва ҳамзамон вакилони порлумон низ дар ин раъйпурсӣ иштирок карда, аз тағйироту иловаҳо ҳимоят карданд.

XS
SM
MD
LG