Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамоиши намояндагони кумитаҳои олимпии кишварҳои Осиё дар Қатар


Рӯзҳои 20-21 май дар Қатар ҳамоиши намояндагони кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ баргузор шуд.

Дар ҳамоиши минтақавии намояндагони кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ, ки рӯзҳои 20-21 май дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа – баргузор шуд, Тоҷикистонро дабири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар Баҳрулло Раҷабалиев ва мудири кулли КМО Муҳаммадшо Абдуллоев намояндагӣ карданд.

Ин ҳамоишро Шӯрои олимпии Осиё ва Ҳамбастагии олимпии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ташкил намуданд. Дар ҳамоиш масъалаҳои омодагиҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия (5-21 август), Бозиҳои V соҳилии Осиё соли 2016 дар шахри Да Нанги Ветнам (24 сентябр – 3 ноябр), Бозиҳои VI “Бачагони Осиё” соли 2016 дар Якутски Русия (6-16 июл), Бозиҳои VIII зимистонаи осиёӣ соли 2017 дар Саппорои Ҷопон, Бозихои V осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ соли 2017 дар Ишқободи Туркманистон ва ниҳоят, Бозиҳои XVIII Осиё соли 2018 дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия баррасӣ шуд.

Дар ин ҳамоиш зикр гардид, ки Деҳаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия 24 июли соли 2016 расман кушода эълон мешавад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рӯзи 22 май ба “Озодӣ” хабар доданд.

Ба иттилои ин манбаъ, рӯзи 21 май дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Қатар доктор Танӣ Абдулраҳмон Ал-Куварӣ бо ҳамтои худ аз Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев мулоқот кард. Дар ин мулоқот масъалаи ҳамкориҳо байни кумитаҳои миллии олимпии ҳарду кишвар баррасӣ шуд.

Доктор Абдулраҳмон Раҷабалиевро барои иштирок дар анҷумани ҷаҳонии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, ки моҳи ноябри соли 2016 дар шаҳри Доҳа барпо мегардад, даъват намуд.

Дар навбати худ Раҷабалиев доктор Абдулраҳмонро барои иштирок дар Ҷоми президенти Точикистон оид ба ҷудо, ки моҳи октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват кард. Доктор Абдулраҳмон ин даъватро бо хушнудӣ қабул намуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, рӯзи 21 май дар Доҳа, инчунин ҷаласаи кумитаи молияи Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) баргузор шуд. Дар ин ҷаласа Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли КМО Тоҷикистон ҳамчун узви ин кумита иштирок кард. Ҷаласа таҳти раёсати Ҳусайн Ал-Мусаллам, мудири кулли ШОО, сурат гирифт.

Дар ҷаласа ҳисоботи Комиссияи назорату тафтишоти Шӯрои олимпии Осиё дар давраи солҳои 2015 - 2016 шунида, тасдиқ карда шуд. Кумита барои омодагии муташаккилона ба Бозиҳои Осиё дар солҳои 2016 - 2017 қарор қабул намуда, нақшаи маблагузориро тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG